IFC ба кӯмаки фермерони тоҷик ҷиҳати беҳтар сохтани таҷрибаи ченкунии заминҳо технологияи моҳвораӣ ҷорӣ месозад

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аъзои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ – Иттиҳодияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) барои нахустин бор ҷиҳати беҳтар сохтани таҷрибаи ченкунии заминҳо аз ҷониби фермерони минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба кӯмаки онҳо технологияи моҳвораии GPS ҷорӣ месозад. Аз дафтари кории IFC хабар доданд, ки бо истифода аз GPS фермерон имкон пайдо хоҳанд […]

Валентина Кондрашова



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аъзои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ – Иттиҳодияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) барои нахустин бор ҷиҳати беҳтар сохтани таҷрибаи ченкунии заминҳо аз ҷониби фермерони минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба кӯмаки онҳо технологияи моҳвораии


GPS




ҷорӣ месозад.






Аз дафтари кории


IFC


хабар доданд, ки бо истифода аз


GPS


фермерон имкон пайдо хоҳанд кард, ки андозаи дақиқи қитъаҳои замин, ҳамвории он, баландӣ ва нишебиии онро муайян намоянд. Ба иттилои манбаъ, бахши кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакории он яке аз бахшҳое мебошад, ки аксари аҳолӣ дар он машғули коранд ва ҳамзамон соҳаест, ки зери интиқоди бештар қарор дорад.

 






«Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ки ба мустақилияти хоҷагиҳо ва аз тобеъияти марказ ҷудо кардани фермерон нигаронида шудаанд, ба ташкили тақрибан 30 ҳазор хоҷагиҳои хусусӣ боис шуданд ва ҳудуди 70 дарсади заминҳои кишт имрӯз ба онҳо тааллуқ дорад, – идома дод манбаъ. – Сатҳи пасти донишу малакаҳои нокифояи идоракунӣ дар бахши кишоварзӣ ба фермерон имкон намедиҳад, ки аз заминҳояшон самаранок истифода намоянд».





Бар замми ин, таъкид гардид, ки донистани андозаи дақиқи замин ҳамчунин зимни банақшагирии хароҷоти таҷҳизоту техника ва тухмиву нуриҳои минералӣ низ муҳим аст. Бонкҳоро низ барои молиягузории сарфакорона донистани андозаи мушаххаси заминҳо аз аҳамият холӣ нест.





Маълумотнома: Технологияи


GPS




дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи


IFC




оид ба беҳтар кардани дастрасӣ ба сармоягузории фермерони пахтакори минтақаи ҷануби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Бонки аввалини молиявии хурд» ҷорӣ гардида буд.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.