Дар Душанбе вазъи низоми мониторинги Стратегияи коҳиши сатҳи фақрро муҳокима мекунанд

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари гузориши шарҳи низоми санҷиши Стратегияи коҳиши фақр ба кор оғоз кард. Сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғафурҷон Расулов иттилоъ дод, ки ҳадаф аз баргузории семинар – шарҳи вазъи низоми мониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баррасии пешниҳодоти такмили он аст. «Низоми […]

Виктория Наумова



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари гузориши шарҳи низоми санҷиши Стратегияи коҳиши фақр ба кор оғоз кард.






Сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғафурҷон Расулов иттилоъ дод, ки ҳадаф аз баргузории семинар – шарҳи вазъи низоми мониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баррасии пешниҳодоти такмили он аст.





«Низоми мазкур мутобиқи талаботи сохтори масъул ба татбиқи мониторинги коҳиши сатҳи фақр, аз ҷумла раёсати мониторинги барномаҳои миллӣ ва минтақавии вазорат созмон дода мешавад, – гуфт ӯ. – Семинар ба ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати шарҳу таҳлили низом ва ошкор сохтани талаботи иловагии муштариён имкониятҳои мусоид фароҳам месозад».





Ба иттилои манбаъ, семинар аз ду қисм иборат аст. Имрӯз бо иштироки намояндагони ҷонибҳои манфиатдори вазорату муассисот, созмонҳои мададрасон ва Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар соҳаи санҷиши сатҳи фақр фаъолият мебаранд, сессия баргузор мегардад. Фардо иштирокчиён ба шарҳу тафсири низоми иттилоотии мониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ машғул мешаванд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.