Дар Бозиҳои XVII-уми осиёӣ Тоҷикистон алҳол ҳеҷ дастоварде надорад

Дар Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ) дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз 92 варзишгар иборат аст, алҳол ба ҳеҷ дастоварде ноил нагардид. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар сабқати дзюдо ду варзишгари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) –дар рақобат барои медалҳои биринҷӣ ва инчунин варзишгари тоҷик […]

ASIA-Plus



Дар Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ) дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз 92 варзишгар иборат аст, алҳол ба ҳеҷ дастоварде ноил нагардид.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар сабқати дзюдо ду варзишгари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) –дар рақобат барои медалҳои биринҷӣ ва инчунин варзишгари тоҷик Расул Абдушарифов (-66 кг) низ ба нокомӣ дучор гардида, ҳар се ҷойҳои 5-умро соҳиб шудааанд.

Боз чор паҳлавони дигари тоҷик – Каъбатулло Аминов (-60 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарҳод Раҳимов (-81 кг) ва Дадахон Қурбоналиев (-100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Мунтахаби дзюдои Тоҷикистон рӯзи имрӯз дар сабқати дастаӣ ширкат мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII осиёӣ бар тими Умон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифт ва рӯзи 26-уми сентябр бо дастаи мунтахаби Ироқ қувваозмоӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Чин ба ҷойи аввал баромад. Варзишгарони Чин то ҳоло ҳамагӣ 58 медал – 26 тилло, 14 нуқра ва 18 биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣбо касби 45 медал – 14 нишони тилло, 15 нуқра ва 16 биринҷӣ – дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 42 медал – 13 нишони тилло, 13 нуқра ва 16 биринҷӣ дар мақоми севуманд. Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон то 4-уми октябр идома меёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.