Сафари аввалини раиси ҲНИТ ба Кӯлоб баъди қазияи «помидору тухм»

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ имрӯз аз шаҳри Кӯлоб боздид намуда, дар бинои мақомоти шаҳрдорӣ ва дафтари кории ҲНИТ бо интихобкунандагон ва аъзои ҳизб мулоқот орост. Қобили зикр аст, ки ин сафари нахустин ба Кӯлоб баъди ба сӯи ӯ партофтани тухму помидор рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ дар ин […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ имрӯз аз шаҳри Кӯлоб боздид намуда, дар бинои мақомоти шаҳрдорӣ ва дафтари кории ҲНИТ бо интихобкунандагон ва аъзои ҳизб мулоқот орост.

Қобили зикр аст, ки ин сафари нахустин ба Кӯлоб баъди ба сӯи ӯ партофтани тухму помидор рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ дар ин шаҳр аст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯриҳои имрӯза Муҳиддин Кабирӣ изҳор намудааст, ки ҳодисаи моҳи июн дар Кӯлоб ба аҳолии ин шаҳр ҳеҷ муносибате надошта, «он  аз ҷониби касоне созмон дода шуда буд, ки ба миллати тоҷик муносибате надоранд».

«Раиси ҲНИТ зикр кард, ки миёни ӯ ва аҳолии шаҳри Кӯлоб ҳеҷ гоҳ нофаҳмие вуҷуд надошт ва сафари кунунии ӯ инро тасдиқ мекунад», – гуфт сухангӯи ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки

 санаи 10-уми июн 

ҳангоми аз дафтари кории ҳизб ба берун баромадани раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пас аз вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллӣ дар Кӯлоб, чанд нафаре ба сӯи ӯ тухми мурғу помидор партофтанд.

Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Шӯрои сиёсии ҲНИТ 

изҳороти расмӣ

 интишор намуд.

Кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб ду нафар гумонбаршудагон ба амали майдаавбошӣ нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки ки санаи 10-уми июн содир гардида буд,

боздошт намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боздоштшудагон сокинони Кӯлоб набуда, парвандаи маъмурии нисбати онҳо оғозгардида аллакай ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.