Унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» ба шахсиятҳои маъруф

Як зумра аз шахсиятҳои шинохтаву маъруфи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба унвони фахрии «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» шарафёб гардиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба истиқболи 20 солагии қабули Сарқонуни ҶТтибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба доктори илмҳои таърих, профессор, Директори Маркази тадқиқоти таълимоти Абӯҳанифа ва шарқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес […]

ASIA-Plus



Як зумра аз шахсиятҳои шинохтаву маъруфи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба унвони фахрии «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» шарафёб гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба истиқболи 20 солагии қабули Сарқонуни ҶТтибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба доктори илмҳои таърих, профессор, Директори Маркази тадқиқоти таълимоти Абӯҳанифа ва шарқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф, дараҷаи II Назирҷон Турсунов ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдушукур Назаров унвони фахрии «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» дода шуд.  

Гуфта мешавад ҳамчунин дӯстдори фарҳангу адабиёти миллии тоҷикон дар кишвари Олмон, таблиғгари дастовардҳои фарҳангии кишвари Тоҷикистон, донишманди маъруф, ховаршинос ва муҳаққиқи адабиёти тоҷик дар Аврупо Александр Ҳайзер ва собиқ раиси комиҷроияи шаҳри Хуҷанд, бинокори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақахӯри аҳмияти ҷумҳуриявӣ дошта Юсуф Қурбонов низ ба ин унвони фахрӣ сазовор дониста шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.