Ҷумъахон Давлатов: Мо маҳбусони сиёсӣ надорем

Ҷумъахон Давлатов, намояндаи доимии президент дар парлумон дар робита ба қонуни афви қабулшуда изҳор кард, ки ин қонун 16-умин буда, дар Тоҷикистон то замони қабули қонуни афви ахир 100 ҳазору 214 нафар маҳкумшудагон мавриди афв қарор гирифтаанд. Бино ба маълумоти намояндаи президент дар Маҷлиси Олӣ, дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ба сурати умум ҳудуди 10 ҳазор […]

ASIA-Plus



Ҷумъахон Давлатов, намояндаи доимии президент дар парлумон дар робита ба қонуни афви қабулшуда изҳор кард, ки ин қонун 16-умин буда, дар Тоҷикистон то замони қабули қонуни афви ахир 100 ҳазору 214 нафар маҳкумшудагон мавриди афв қарор гирифтаанд.

Бино ба маълумоти намояндаи президент дар Маҷлиси Олӣ, дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ба сурати умум ҳудуди 10 ҳазор нафар маҳкумшудагон нигаҳдорӣ мешаванд. «Дар қонун афви шахсоне, ки таҳти тафтишот қарор доранд, низ пешбинӣ шудааст ва бо назардошти ин, иттилоъ дода шуд, ки қонуни афв нисбати беш аз 10 ҳазор нафар мавриди амал қарор дода мешавад», – гуфт ӯ.

Дар робита ба шарҳи масъалаи имконпазир будани содир шудани амалҳои коррупсионӣ зимни мавриди амал қарор додани ин қонун, Давлатов зикр кард, ки ин дафъа бо супориши президент комиссияи махсусе таъсис дода мешавад, ки иҷрои ин қонунро назорат хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ин комиссия аз рӯи натиҷаҳои фаъолияташ назди президент ҳисобот медиҳад.

Ба саволи журналистон дар бораи шумораи маҳбусони сиёсии дар зиндонҳои Тоҷикистон қарордошта Ҷумъахон Давлатов чунин посух дод:

– Ман намефаҳмам, ки бо истифода аз ин истилоҳ шумо чиро дар назар доред. Мо маҳбусони сиёсӣ надорем. Ҳамаи зиндониён мутобиқи Кодекси ҷиноии кишвар маҳкум шудаанд.


Суҳроб Шарифов,

вакили палатаи поёнии парлумон намехоҳад, ки қонуни нав дар бораи афв аз санади мусбату фараҳбахш ба сабаби ашки ғамбор табдил ёбад ва бовар дорад, ки барои коҳиши амалҳои ришвахорӣ дар давраи иҷрои қонуни афв дар якҷоягӣ бо ҳукумат дар ин самт бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, ТҒД ва мақомоти дахлдори дигар низ саҳм гиранд.

«Ҷойи пинҳон кардан нест, ки дар бисёр сохторҳои мо коррупсия реша давонидааст. Чунин амалҳо замони афви пешин низ ба мушоҳида расиданд. Ман бар ин назарам, ки назорати иҷрои қонун аз ҷониби комиссияи махсус, ки дар хусуси он намояндаи президент дар Маҷлиси Олӣ сухан гуфт, бояд ба коҳиши далелҳои коррупсия мусоидат намояд», – афзуд сиёсатмадор.

Ёдрас мекунем, ки дар ин робита прокурори генералии ҷумҳурӣ

Шерхон Салимзода

ба «Азия-Плюс»

изҳор намуда буд,

ки  мувофиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв, қарор дар бораи афви ҳар як маҳкумшуда ва судшавандаро мақомоти дахлдор ҷудогона баррасӣ мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.