Такмили ихтисоси кормандони АНМН дар доираи лоиҳаи Шӯрои НАТО-Россия

Аз 10 то 21 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг барои 20 нафар кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои минтақавӣ дар мавзӯи “Такмил додани муқовимати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар ба воситаи  Хатсайри Шимолӣ” оғоз шуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тренинги […]

ASIA-Plus



Аз 10 то 21 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг барои 20 нафар кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои минтақавӣ дар мавзӯи “Такмил додани муқовимати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар ба воситаи  Хатсайри Шимолӣ” оғоз шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тренинги мазкур дар доираи Лоиҳаи Шӯрои НАТО-Россия оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон  дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мегузарад ва аз ҷониби Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. 

Дар доираи тренинг кормандони Агентӣ дар мавзӯъҳои баргузории чорабиниҳои гуногуни тактикӣ ва оперативӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар омӯзиш мегиранд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳоро дар баргузории чорабиниҳои муштарак таҷриба мекунанд.

Тренинг аз ҷониби муаллимони Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Сибири Федератсияи Россия  гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.