Тайи ҳафтаи ахир қурби асъори тоҷикӣ (сомонӣ) нисбат ба доллари амрикоӣ тақрибан ба андозаи 2% поин рафт.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), давоми ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА баланд шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,3700-5,3900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА расид.
Ба иттилои манбаъ, 13 ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,3800-5,4000 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,4200-5,4300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,3700-5,3900 сомониро ташкил намуд.
Тибқи маълумоти БМТ, як ҳафта пеш қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 5,2294 – 5,2860 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медод. Аз ҷумла дар Душанбе 1 доллар бо нархи 5,2660 сомонӣ харида шуда, бо арзиши 5,2860 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози сол қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тақрибан ба андозаи 7% поин рафт.
Дар БМТ итминон медиҳанд, ки барои ташвишу нигаронӣ ҳеҷ сабабе вуҷуд надорад ва ҷиҳати нигаҳдории қурби асъори миллӣ дар сатҳи қобили қабул Бонки миллӣ аз тамоми имконоту захираҳои мавҷудааш истифода хоҳад кард.
Сабаби коҳиши қурби асъори миилиро раҳбарияти Бонки миллӣ мустақиман ба таҳримҳои ҷоришудаи Ғарб нисбати Русия рабт медиҳанд, ки шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин Русия, ки дар робита ба таҳримҳои Ғарб ахиран қурби асъори миллиаш ба таври қобили мулоҳиза поин рафт, таъминкунандаи асосии муҳоҷирони тоҷик бо кор аст. Тибқи маълумоти гуногун, аз аҳолии 8 миллионнафараи ҷумҳурӣ имрӯз дар қаламрави Русия зиёда аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2013 ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз Русия ба Тоҷикистон интиқолшуда 4 млрд. 154,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо натиҷаҳои соли 2012 ба миқдори 520,1 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Ин ҳаҷм қариб ба 48%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2013 баробар аст.


