Коҳиши босуръати қурби сомонӣ идома дорад

Тайи ҳафтаи ахир қурби асъори тоҷикӣ (сомонӣ) нисбат ба доллари амрикоӣ тақрибан ба андозаи 2% поин рафт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), давоми ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА баланд шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,3700-5,3900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА расид. Ба иттилои манбаъ, 13 ноябр қурби […]

Пайрав Чоршанбиев



Тайи ҳафтаи ахир қурби асъори тоҷикӣ (сомонӣ) нисбат ба доллари амрикоӣ тақрибан ба андозаи 2% поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), давоми ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА баланд шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,3700-5,3900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА расид.

Ба иттилои манбаъ, 13 ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,3800-5,4000 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,4200-5,4300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,3700-5,3900 сомониро ташкил намуд. 

Тибқи маълумоти БМТ, як ҳафта пеш қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 5,2294 – 5,2860 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медод. Аз ҷумла дар Душанбе 1 доллар бо нархи 5,2660 сомонӣ харида шуда, бо арзиши 5,2860 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тақрибан ба андозаи 7% поин рафт.

Дар БМТ итминон медиҳанд, ки барои ташвишу нигаронӣ ҳеҷ сабабе вуҷуд надорад ва ҷиҳати нигаҳдории қурби асъори миллӣ дар сатҳи қобили қабул Бонки миллӣ аз тамоми имконоту захираҳои мавҷудааш  истифода хоҳад кард.

Сабаби коҳиши қурби асъори миилиро раҳбарияти Бонки миллӣ мустақиман ба таҳримҳои ҷоришудаи Ғарб нисбати Русия рабт медиҳанд, ки шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин Русия, ки дар робита ба таҳримҳои Ғарб ахиран қурби асъори миллиаш ба таври қобили мулоҳиза поин рафт, таъминкунандаи асосии муҳоҷирони тоҷик бо кор аст. Тибқи маълумоти гуногун, аз аҳолии 8 миллионнафараи ҷумҳурӣ имрӯз дар қаламрави Русия зиёда аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2013 ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз Русия ба Тоҷикистон интиқолшуда 4 млрд. 154,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо натиҷаҳои соли 2012 ба миқдори 520,1 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Ин ҳаҷм қариб ба 48%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2013 баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.