Дарёфти пинҳонгоҳ бо миқдори зиёди маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон

Date:



Санаи 13уми ноябри соли равон  зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб дар мавзеи Киштии деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод пинҳонгоҳе бо миқдори зиёди маводи мухаддир дарёфт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ин пинҳонгоҳ  3 линча маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд, ки вазни умумиашон 70-килою 630-граммро ташкил дода, ба маводи  навъи нашъадори “бангдона” мансуб мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...