Марҳабо Ҷабборӣ ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашни 700-солагии Ҳамадониро санҷид

Марҳабо Ҷабборӣ муовини нахуствазири кишвар ва раиси ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз ба шаҳри Кӯлоб омад. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи  барномаи ташкили чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашн, ки аз ҷониби […]

Турко Дикаев



Марҳабо Ҷабборӣ муовини нахуствазири кишвар ва раиси ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз ба шаҳри Кӯлоб омад.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи  барномаи ташкили чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашн, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, 9 млн. 366,9 сомониро ташкил медиҳад.

Ба қавли ӯ, аз ин миқдор маблағ 7 млн. 320,5 ҳазор сомониро буҷети ҷумҳуриявӣ, 1 млн. 805 ҳазор сомониро буҷети шаҳҳри Кӯлоб ҷудо карда, 241,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷалбшудаи соҳибкорони маҳаллӣ мебошад ва қисмати бештари воситаҳо – 5 млн. 850 ҳазор сомонӣ ба куллан азнавсозии боғи фарҳангу истироҳати шаҳр равона мегардад, ки дар он маҷмааи осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ воқеъ аст.

«Бо иштироки намояндагони ЮНЕСКО симпозиуми байнулмилалӣ доир гардида, як қатор китобҳо нашр мешаванд. Ҳамчунин намоишномаи Театри мусиқиву драмавии ба номи С.Вализода таҳия гардида, бахшида ба ҷашн боз як қатор чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд», – қайд кард Бозоров.

Зимнан зикр гардид, ки муовини нахуствазир аз ҳама иншооти мавриди сохтмон қарордошта, боздид намуда, дақиқан муҳлати иҷрои корҳо бо барномаи тасдиқшударо санҷид ва сипас эродҳои худро дар маҷлиси умумии фаъолони шаҳр бо иштироки намояндагони ташкилотҳои паймонкор изҳор намуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.