Шӯрои муфтиёти Русия маълумоти КДАМ Тоҷикистонро носаҳеҳ хонд

Шӯрои муфтиёти Русия маълумоти муовини раиси КДАМ ҶТ дар бораи ба нуқтаи ҷалби террористон табдил ёфтани масҷиди ҷомеъи Маскавро рад кард. «Дар масҷиди ҷомеъ оид ба пешгирии ҳама гуна рӯҳияву иқдомҳои тундгароӣ ва имкони паҳншавии он миёни ибодаткунандагон тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд, аз ин рӯ, ҳама гуна изҳорот дар бораи дар қаламрави масҷид мавҷуд будани […]

ASIA-Plus



Шӯрои муфтиёти Русия маълумоти муовини раиси КДАМ ҶТ дар бораи ба нуқтаи ҷалби террористон табдил ёфтани масҷиди ҷомеъи Маскавро рад кард.

«Дар масҷиди ҷомеъ оид ба пешгирии ҳама гуна рӯҳияву иқдомҳои тундгароӣ ва имкони паҳншавии он миёни ибодаткунандагон тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд, аз ин рӯ, ҳама гуна изҳорот дар бораи дар қаламрави масҷид мавҷуд будани нуқтаҳои ҷалбу кирои шаҳрвандон асоси воқеӣ надоранд», – омадааст дар

изҳороти

Раёсати динии мусалмонони қисмати аврупоии Русия.

Муаллифони изҳорот зикр мекунанд, ки раҳбарияти масҷид соли 2013 ба сафоратхонаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо дархости сафарбар намудани имомхатибони дорои маълуомти олии динӣ муроҷиат кардааст, то ки бо намояндагони диаспораҳои миллӣ бо забони модарии онҳо корҳои тарғиботиро ба роҳ монанд, вале дар ин самт танҳо бо намояндагони Қирғизистон чунин фаъолият роҳандозӣ шудаасту халос.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки айни замон дар ин масҷид бо намояндагони мардуми тотор, тоҷик, қирғиз ва доғистониҳо бо забонҳои русиву миллӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

«Аз ҷониби худ, сафоратхонахои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо, ки манфиатҳои давлатии сафоратхонаҳоро ҳимоят мекунанд, бояд назоратро ҷорӣ намуда, тадбирҳои пешгирии чунин амалҳоро роҳандозӣ намоянд ва барои шаҳрвандони худ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишварашон масъулият дошта бошанд», – таъкид мешавад дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар музокироти парлумонӣ санаи 21-уми ноябр муовини раиси КДАМ Тоҷикистон Акрам Амонов изҳор намуда буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба амалиёти ҷангӣ дар Сурия тариқи қаламрави Русия ва Афғонистон сафарбар мешаванд ва яке аз нуқтаҳои сафарбарии ҷангиён ба Сурия дар шаҳри Маскав, хиёбони сулҳ (каме дуртар Масҷиди ҷомеи Маскав ҷойгир шудааст) воқеъ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.