Дар аломатгузории марз бо Тоҷикистон қирғизҳо ба асноди русиягӣ умедворанд

Раҳбарияти Қирғизистон як ҳайати ҳукуматиашро ҷиҳати дарёфт ва омӯзиши асноди иловагии таърихӣ ба Русия сафарбар карданист, то ки ба ҷониби Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марз бо Тоҷикистон кумак расонида тавонанд. Бино ба иттилои «Вечерний Бишкек» зимни як мизи гирд оид ба ин мавзӯъ намояндаи махсуси дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон оид ба масъалаи аломатгузорӣ […]

ASIA-Plus



Раҳбарияти Қирғизистон як ҳайати ҳукуматиашро ҷиҳати дарёфт ва омӯзиши асноди иловагии таърихӣ ба Русия сафарбар карданист, то ки ба ҷониби Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марз бо Тоҷикистон кумак расонида тавонанд.

Бино ба иттилои

«Вечерний Бишкек»

зимни як мизи гирд оид ба ин мавзӯъ намояндаи махсуси дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон оид ба масъалаи аломатгузорӣ дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон Қурбонбой Искандаров изҳор намудааст, ки айни замон танҳо 590 километри марзи кишварҳо аломатгузорӣ шудаанд.

«Ҷонибҳо оид ба дарёфт ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои иловагӣ оид ба ин масъала тавофуқ ҳосил намуданд. Барои ҷустуҷӯи асноди таърихӣ дар ин мавзӯъ мо ҳайатамонро ба Русия фиристоданием. Ҳайати Тоҷикистон бо ин мақсад аллакай аз Русия боздид намуд», – иброз доштааст ӯ.

Қ.Искандаров бар ин назар аст, ки «гуфтушунидҳо бо ҳамсоякишвар оид ба масоили марзиро мебояд бо муқаррар кардани асосҳои ҳуқуқӣ барқарор намуд». «Ба сифати асоси ҳуқуқии муайян кардани хатти марзи давлатӣ Қирғизистон маводи солҳои 1955-1959-умро пешниҳод мекунад, вале Тоҷикистон дар мавқеъи худ истодагарӣ намуда, дар ин масъала маводи ҷудошавии марзҳо дар соли 1927-ро асос медонад, аз ин рӯ, то ҳанӯз мо ба таҳияи санади муштарак дар ин хусус ноил нагардидаем», – қайд кардааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 970,8 километрро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.