Иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Чехия дар анҷумани соҳибкорон

Нимаи дуюми рӯзи 26-уми ноябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор шуд, ки дар кори он сарони ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан иштирок намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин анҷуман наздики 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 26-уми ноябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор шуд, ки дар кори он сарони ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин анҷуман наздики 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  сухан ронда, изҳори бовар намуд, ки ин нишаст натиҷаҳои судманд хоҳад дошт.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соддагардонии қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ  корҳои назаррас анҷом ёфта, дар кишвар  шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.

Дар ифтитоҳи анҷуман ҳамчунин Президенти Чехия Милош Земан сухан ронда, аз пазироии самимии Тоҷикистон арзи сипос кард ва ҳам бо ёдоварӣ аз имконоти фарохи мавҷуда соҳибкорони ду кишварро ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд ташвиқ намуд.

Кори анҷуман бо суханронии дигар масъулини ду ҷониб ва бо нишастҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат идома ёфт. Як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику чех ҳосил шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.