Кормандони АНМН ҳодисаҳои паҳншавии маводи мухаддирро пешгирӣ карданд

Тайи чанд рӯзи охир аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ якчанд кӯшиши ғайриқонунии паҳнкунии маводи нашъаовар пешгирӣ карда шуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳамин тавр, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯйӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ ба паҳнкунии маводи нашъадор ду […]

ASIA-Plus



Тайи чанд рӯзи охир аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ якчанд кӯшиши ғайриқонунии паҳнкунии маводи нашъаовар пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳамин тавр, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯйӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ ба паҳнкунии маводи нашъадор ду донишҷӯи 20-солаи Донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва молия ва иқтисоди пойтахт дастгир шуданд. Ҳарду донишҷӯён зодаи ноҳияи наздисарҳадӣ бо Афғонистон –ноҳияи Қумсангир будаанд.

Дар вақти азназаргузаронӣ аз онҳо маводи нашъадори ҳашиш ёфт ва мусодира гардид. Ҷавонон мехостанд, ки маводи нашъаоварро фурӯхта, дар муддати кӯтоҳ соҳиби пули муфт гарданд.

Амалиёти дигарро кормандони Агентӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб гузарониданд, ки дар натиҷа нашъаҷаллоби 22 – солаи сокини шаҳри мазкур дастгир карда шуд.

Дар рафти амалӣ намудани хабари оперативии воридгашта оид ба паҳнкунии маводи нашъаовар, аз тарафи кормандони оперативии Агентӣ сокини шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд, ки аз ӯ як борхалта бо маводи растанимонанд бо бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира гардид.

Мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судии Агентӣ маводи нашъаовари мусодирагардида – бангдона буда, вазни он қариб 1 кг ташкил дод.

Дар айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-оперативии АНМН чораҳои заруриро ҷиҳати муайян кардани дигар шахсони ба ин ҷиноятҳо марбут андешида истодаанд.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур нисбати дастгиршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дастгиршудагон ба тавқифгоҳи мувваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.