Сӯиқасд ба ҷони пешвои «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар Маскав

Дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум ба ҷони раҳбари «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов сӯиқасд сурат гирифт. Бино ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав , ҳодиса шаби рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар кӯчаи Севанская рух дода, ин афрод ба сӯйи Мақсуд Иброҳимов тир парронида, бо зарби корд ӯро захмӣ мекунанд […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум ба ҷони раҳбари «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов сӯиқасд сурат гирифт.

Бино ба иттилои

Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав

, ҳодиса шаби рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар кӯчаи Севанская рух дода, ин афрод ба сӯйи Мақсуд Иброҳимов тир парронида, бо зарби корд ӯро захмӣ мекунанд ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Айни замон Мақсуд Иброҳимов дар бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш вазнин арзёбӣ мешавад. Феълан тамоми ҳолатҳои ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифта, кормандони пулис афроди ҳамлагарро ҷустуҷӯ доранд.

Мақсуд Иброҳимов раҳбари ташкилоти ҷамъиятии русиягии «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ва узви Шӯрои раҳбарии Эътилофи нерӯҳои мухолифи «Тоҷикистони нав» мебошад. Дар робита ба ташкили як қатор гирдиҳамойиҳову раҳпаймоиҳо дар Русия бо иштироки муҳоҷирони тоҷик бо даъвати истеъфои раҳбарияти кунунии Тоҷикистон, ӯ дар «рӯйхати сиёҳ»-и ҳукуматдорони Тоҷикистон қарор дорад.

Дар

изҳороти

Эътилофи нерӯҳои мухолифи «Тоҷикистони нав» дар ин робита зикр мегардад, ки «чандин маротиба нисбати ӯ таҳдидҳову тарсонидан сурат гирифта, ҳатто ба оилаи ӯ дар Тоҷикистон аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон фишор оварда шуд ва ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон карданд».

«Мо аз раҳбарияти олии Русия талаб мекунем, ки ба ҳодисаҳои рабудан ва куштори намояндагони нерӯҳои мухолифини тоҷик хотима дода шуда, дастандаркорон ва иҷрокунандагони ин амалҳои террористӣ дарёфт ва муҷозот шаванд», – гуфта мешавад дар изҳорот. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.