Низом Қосим Шоираи халқиро дар туҳмат гунаҳкор медонад

Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Низом Қосим бо аризаи даъвогӣ нисбат ба Шоираи халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданист. Низом Қосим ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки ӯ шоираро дар туҳмат нисбати аъзои […]

ASIA-Plus



Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Низом Қосим бо аризаи даъвогӣ нисбат ба Шоираи халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданист.

Низом Қосим ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки ӯ шоираро дар туҳмат нисбати аъзои Кумитаи тақдими ҷойизаҳои давлатии Тоҷикистон дар бахши адабиёт гунаҳкор медонад.

«Ӯ тариқи ВАО изҳор намудааст, ки мо – аъзои ин Кумита ба ивази пора ҷойиза тақдим мекунем ё онро мефрурӯшем, ки туҳмати ошкоро аст ва ман ҳамчун вакили мардумӣ ба КДАМ ва Прокуратураи генералӣ ҷиҳати чора андешидан нисбати Ҳ,Қурбонова муроҷиат мекунам», – гуфт Н.Қосим.

Ба қавли шоир, ӯ рӯзҳои наздик ҳуқуқшинос киро карда, аризаи даъвогиро расман пешниҳод мекунад.

Дар ҳамин ҳол, шоира Ҳадиса Қурбонова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки касеро туҳмат накардааст. «Дар мусоҳиба ман умуман чунин ҳарф нагуфтаам. Гузашта аз ин, худи Низом Қосим дар яке аз мусоҳибаҳои ахираш дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» маро беистеъдод хонд, аммо ман аз болои касе шикоят бурданӣ нестам. Ман ба Худо такя карда бовар дорам, ки адолат тантана мекунад ва он касоне, ки маро туҳмат мекунанд, беҳтараш бигзор асарҳои маро хонанд, ки барои насли оянда навиштаам», – гуфт Ҳ.Қурбонова.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.