Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов зимни сафар ба шаҳри Екатеринбург бо ҳамватанони муқими ин кишвар мулоқот ороста, консули генералии нави ҷумҳурӣ дар ин шаҳр Сафар Сафаровро муаррифӣ намуд.
Сафир аз мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик ёдовар шуда, зикр кард, ки айни замон дар ин самт масоили сершумор маврии баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор доранд. Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба як қатор қонунҳои нави Русия дар бахши муҳоҷират, ки аз 1-уми январи соли 2015 мавриди амал қарор мегиранд, ибрози назар карда шуд.
«Сарвари давлати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ барои бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва якчанд нафар кормандони дастгоҳи марказии ВКХ Тоҷикистон баҳри суръатбахшӣ ба ин ҷараён ба Русия сафарбар шудаанд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи И.Сатторов, масъалаи манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия имрӯз аз мушкилоти умда дар ин самт боқӣ монда, ин масъала бо тамоми мақомоти дахлдори Русия мавриди баррасӣ қарор дорад.
«Барои ба чунин ҳолат гирифтор нашудан, риояи муқаррароти қонугузории кишвари қабулкунанда, саривақт дастрас кардани ҳуҷҷатҳои иҷозати кору иқомат ва беҳбуди сатҳи касбии муҳоҷирон зарур аст», – зикр кардааст сафир.



