Сафир ҳамватанонро ба риояи қонунгузории Русия даъват кард

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов зимни сафар ба шаҳри Екатеринбург бо ҳамватанони муқими ин кишвар мулоқот ороста, консули генералии нави ҷумҳурӣ дар ин шаҳр Сафар Сафаровро муаррифӣ намуд. Сафир аз мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик ёдовар шуда, зикр кард, ки айни замон дар ин самт масоили сершумор маврии баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор доранд. Дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов зимни сафар ба шаҳри Екатеринбург бо ҳамватанони муқими ин кишвар мулоқот ороста, консули генералии нави ҷумҳурӣ дар ин шаҳр Сафар Сафаровро муаррифӣ намуд.

Сафир аз мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик ёдовар шуда, зикр кард, ки айни замон дар ин самт масоили сершумор маврии баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор доранд. Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба як қатор қонунҳои нави Русия дар бахши муҳоҷират, ки аз 1-уми январи соли 2015 мавриди амал қарор мегиранд, ибрози назар карда шуд.

«Сарвари давлати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ барои бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва якчанд нафар кормандони дастгоҳи марказии ВКХ Тоҷикистон баҳри суръатбахшӣ ба ин ҷараён ба Русия сафарбар шудаанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи И.Сатторов, масъалаи манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия имрӯз аз мушкилоти умда дар ин самт боқӣ монда,  ин масъала бо тамоми мақомоти дахлдори Русия мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Барои ба чунин ҳолат гирифтор нашудан, риояи муқаррароти қонугузории кишвари қабулкунанда, саривақт дастрас кардани ҳуҷҷатҳои иҷозати кору иқомат ва беҳбуди сатҳи касбии муҳоҷирон зарур аст», – зикр кардааст сафир. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.