МБГ-и Душанбе ҳамагӣ 13%-и талаботи шаҳр ба гармиро қонеъ месозанд

Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе-1 ва Душанбе-2, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» зимистони имсол ҳамагӣ 13%-и талаботи пойтахт ба гармиро қонеъ карда метавонанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, талаботи шаҳри Душанбе ба гармӣ дар мавсими зимистон ҳудуди 1 ҳазору 300 Гкал/соат гармиро ташкил медиҳад ва […]

Аваз Юлдошев



Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе-1 ва Душанбе-2, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» зимистони имсол ҳамагӣ 13%-и талаботи пойтахт ба гармиро қонеъ карда метавонанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, талаботи шаҳри Душанбе ба гармӣ дар мавсими зимистон ҳудуди 1 ҳазору 300 Гкал/соат гармиро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки корхонаҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик», марказҳои барқу гармидиҳӣ, дегхонаҳои пойтахт изҳор мекунанд, ки дар мавсими зимистон танҳо 169 Ккал/соат гармӣ интиқол дода метавонанд.

«Аз ҷумла, пойтахтро дар мавсими зимистон МБГ Душанбе -1 – бо ҳудуди 49 Гкал/соат, МБГ Душанбе-2 – бо 53 Гкал/соат, дегхонаи «Ғарбӣ» – бо ҳудуди 53 Гкал/соат ва дегхонаи «Шарқӣ» – бо 14 Гкал/соат гармӣ таъмин карда метавонанд», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.