Таҷлили ҷашни 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ дар Душанбе

Ба ифтихори ҷашни 100-умин солгарди зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ, оҳангсози барҷастаи тоҷик, Ҳунарманди мардумӣ, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  имруз дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ботантана ва консерт доир мегардад. Тавре аз Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд, дар чорабиниҳои ҷашнӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин […]

Мавзуна Абдуллоева



Ба ифтихори ҷашни 100-умин солгарди зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ, оҳангсози барҷастаи тоҷик, Ҳунарманди мардумӣ, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  имруз дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ботантана ва консерт доир мегардад.

Тавре аз Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд, дар чорабиниҳои ҷашнӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков ширкат меварзад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи барномаи ЮНЕСКО ҷашни 100-умин солгарди оҳансоз Зиёдулло Шаҳидӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои аврупоӣ, аз қабили Британия Кабир ва Фаронса низ таҷлил мегардад. Шомҳои ёдбуди оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ аллакай дар шаҳрҳои Маскаву Лондон баргузор шуданд.

Композитор Зиёдулло Шаҳидиро ба таври ҳаққонӣ яке аз асосгузорони санъати мусиқии касбии тоҷик метавон ном бурд. Вай дар жанрҳои гуногуни санъати мусиқӣ асарҳои профессионалӣ аз қабили суруд, романс, миниатураи инструменталӣ, асарҳои оркестрӣ ва хор, мусиқии театр ва синамо, симфония ва операро эҷод намуда, сарвари санъати иҷрокунандагӣ ва мураббии бисёр санъаткорони имрӯза шуда, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он соҳиби обрӯю эътибор ва шӯҳрат гашт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.