Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо президенти Чехия

Дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон имрӯз президенти Чехия Милош Земан бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид кард. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳамммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров таъкид доштааст, ки роҳандозии робитаҳои наздик миёни парлумонҳои ду кишвар барои рушди муносибатҳои Прага ва Душанбе дар […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон имрӯз президенти Чехия Милош Земан бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид кард.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳамммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров таъкид доштааст, ки роҳандозии робитаҳои наздик миёни парлумонҳои ду кишвар барои рушди муносибатҳои Прага ва Душанбе дар бахшҳои энергетика, фарҳанг, илм, саноат ва ғайра заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

«Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо қаноатмандӣ зикр кард, ки мавқеъи ҳарду кишвар дар бисёр масоили байнулмилалӣ, аз ҷумла ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамгуна ё хеле наздиканд», – қайд кард Султонов.

Зимнан зикр гардид, ки президенти Чехия натиҷаҳои сафари расмиаш ба Душанберо хеле пурсамару муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки парлумонҳои Тоҷикистону Чехия дар рушди муносибатҳои Прага ва Душанбе дар самтҳои гуногун саҳми босазо гузошта метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.