Президент 74,3 млн. сомонӣ қарзи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро беэътибор кард

Президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз эътибор соқит кардани қарзҳои Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон қарор ба имзо расонидааст. Аз нусхаи қарори дар ихтиёри «Азия-Плюс» қароргирифта таҳти №643 аз 14-уми октябри соли 2014 зикр мегардад, ки қарзи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 74,3 млн. сомонӣ аз ҳисоби боҷҳои гумрукӣ, андоз […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз эътибор соқит кардани қарзҳои Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон қарор ба имзо расонидааст.

Аз нусхаи қарори дар ихтиёри «Азия-Плюс» қароргирифта таҳти №643 аз 14-уми октябри соли 2014 зикр мегардад, ки қарзи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 74,3 млн. сомонӣ аз ҳисоби боҷҳои гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва фоизҳои он, ки зимни расмиёти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омадааст, беэътибор дониста мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ин қарорро бо такя ба моддаи 14-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади дастгирии молиявӣ, солимгардонии вазъи минбаъдаи моливу иқтисодии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва таъмини минбаъдаи рушди бахши нақлиёти кишвар ба имзо расонидааст.

Дар ҳамин қарор президенти Тоҷикистон ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» супориш додааст, ки дар баҳисобгирии муҳосиботии корхона тағйироти дахлдор ворид намояд.

Қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон аз 14-уми июли соли 2014, №364 «Дар бораи марҳила ба марҳила пардохт намудани андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ оид ба харидории локомотивҳои «КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва аз 2-юми майи соли 2013, №214 «Дар бораи марҳила ба марҳила пардохт намудани андоз аз арзиши иловашуда ва пешниҳоди таъхири муҳлати пардохти ин андоз зимни ворид намудани локомотивҳои манёврӣ ва вагонҳо аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бекоршуда эътиоф мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.