М. Иброҳимов баъди беҳбуди вазъи солимиаш ба ҳабс гирифта мешавад

Пас аз беҳбуди вазъи солимии раҳбари « Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов, ки рӯзи чоршанбе аз зарбаҳои корд дар шаҳри Маскав захмӣ шуд, мақомоти пулиси шаҳри Маскав ӯро ба ҳабс гирифтанист. Тавре хабаргузории «BaltInfo»  бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав иттилоъ медиҳад, айни замон дар бемористоне, ки захмишуда бистарист, кормандони пулис […]

ASIA-Plus



Пас аз беҳбуди вазъи солимии


раҳбари «


Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов, ки рӯзи чоршанбе аз зарбаҳои корд дар шаҳри Маскав захмӣ шуд, мақомоти пулиси шаҳри Маскав ӯро ба ҳабс гирифтанист.

Тавре хабаргузории

«BaltInfo»

 бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав иттилоъ медиҳад, айни замон дар бемористоне, ки захмишуда бистарист, кормандони пулис посбон гузошта шудаанд. «Баъди беҳбуди вазъи солимиаш, ӯ ба ҳабс гирифта мешавад, аммо то ҳол табибон вазъи солимии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд», – иброз доштааст манбаъи хабаргузорӣ.

«Зимни таҳқиқи ҷойи ҳодиса кормандони пулис таппончаи Макаровро дарёфт намудаанд, ки яқинан ба захмишуда мутааллиқ аст. Фарзияи асоси рух додани ҳодиса интиқомгирӣ будааст. Ба гуфтаи шоҳидон, баъди ба М.Иброҳимов дарафтодан, ҳамлагарон ба автомашинаи тамғаи хориҷии интизори онҳо нишаста, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳеҷ чизи ҷабрдида рабуда нашудааст ва маҳз бо ҳамин сабаб кормандони пулис бар ин назаранд, ки ҷиноят на бо мақсади тамаъҷӯӣ, балки ба хотири интиқомгирӣ содир карда шудааст», – гуфтааст сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки зодаи 36-солаи Тоҷикистон, ки доимо дар вилояти Ростов зиндагӣ мекардааст, рӯзи 7-уми октябри соли равон аз ҷониби Тоҷикистон барои ифротгароӣ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда будааст.

Ёдрас мекунем, ки шаби 26-уми ноябр дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум ба ҷони раҳбари «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов

сӯиқасд сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.