Мутахассисони тоҷику рус роҳҳои рушди паррандапарвариро баррасӣ мекунанд

Санаи 26 ноябри соли 2014 дар шахри Душанбе бо сухани ифтитоҳии вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар Конференсияи байналмилалӣ оид ба «Роҳҳои рушди паррандапарварӣ дар Тоҷикистон» ба кор оғоз кард, ки тӯли се рӯз идома хоҳад намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ, зимни суханронӣ вазир қайд намуд, ки Вазорати кишоварзӣдар доираи амалишавии Барномаи рушди […]

ASIA-Plus



Санаи 26 ноябри соли 2014 дар шахри Душанбе бо сухани ифтитоҳии вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар Конференсияи байналмилалӣ оид ба «Роҳҳои рушди паррандапарварӣ дар Тоҷикистон» ба кор оғоз кард, ки тӯли се рӯз идома хоҳад намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ, зимни суханронӣ вазир қайд намуд, ки Вазорати кишоварзӣдар доираи амалишавии Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2007-2015 дар ҳамкорӣ бо Корхонаи паррандапарварии зотпарварии «Свердовский» Федератсияи Россия ин чорабиниро баргузор намуда истодааст.

Дар Конференсияи мазкур роҳбарият ва мутахассисони вазорат, масъулини КВД «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон», олимон ва мутахассисони соҳаи паррандапарварии ҷумҳурӣ, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳо ва хоҷагиҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ, роҳбарият ва мутахассисони Корхонаи паррандапарварии зотпарварии «Свердловский» Федератсияи Россия, дар маҷмӯъ 103 нафар иштирок намуда истодаанд.

Бино ба мълумоти Вазорат, ба 1 ноябри соли ҷорӣ дар корхонаҳо ва хоҷагиҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ 2 миллиону 180 сар парранда парвариш карда шуда, онхо тасмим доранд, ки истехсоли тухмро дар чамбасти сол ба зиёда аз 200 миллион дона расонанд, ки мутаносибан нисбати соли 2008 саршумори парранда 2,4 ва истеҳсоли тухм 3,3 маротиба зиёд мебошад.

Паррандапарварони ҷумҳурӣ солхои охир бо дигар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла бо корхонахои паррандапарварии Федератсияи Россия ҳамкории зич доранд. Бинобар ин Конференсияи мазкур барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи паррандапарварӣ ва омӯзиши таҷрибаи корхонаи паррандапарварии зотпарварии «Свердловский», ки яке аз корхонаҳои пешқадами Федератсияи Россия ба ҳисоб меравад, ҳаматарафа мусоидат менамояд.

Баъд аз интиҳои қисмати назариявии Конференция бахши амалии худро дар Корхонаи паррандапарварии зотпарварии «Симурғи»-и шаҳри Истаравшан идома хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.