Афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт дар вилояти Суғд

Танҳо моҳи октябр дар корхонаҳои истихроҷи ангишти вилояти Сғд 66 ҳазору 530 тонна ангишт истихроҷ шуд. Тавре аз ситоди омодагӣ ба мавсими зимистони ҳукумати вилоят хабар доданд, тайи 10 моҳи соли равон дар корхонаҳои минтақаи шимоли кишвар дар маҷмӯъ 509,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 213,7 ҳазор […]

Мавлуда Рофиева



Танҳо моҳи октябр дар корхонаҳои истихроҷи ангишти вилояти Сғд 66 ҳазору 530 тонна ангишт истихроҷ шуд.

Тавре аз ситоди омодагӣ ба мавсими зимистони ҳукумати вилоят хабар доданд, тайи 10 моҳи соли равон дар корхонаҳои минтақаи шимоли кишвар дар маҷмӯъ 509,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 213,7 ҳазор тонна зиёдтар буда, суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта 172,2%-ро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар қаламрави вилоят 8 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият доранд, ки сетояшон дар ноҳияи Айнӣ, дутогӣ дар ноҳияҳои Панҷакенту Исфара ва як корхона дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгиранд.

Қобили зикр аст, ки корхонаи «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ ва ҶСК «Ангишт»-и ноҳияи Исфара аз ҷумлаи корхонаҳои бузургтарини истихроҷи ангишт дар қаламрави вилоят ба шумор мераванд ва дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар ин ду корхона дар маҷмъӯ 426 ҳазору 877 тонна ангишт истеҳсол шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.