Фирори густохонаи зодаи Тоҷикистон аз назди бинои суди шаҳри Маскав

Мақомоти интизомии Русия зодаи 43-солаи Тоҷикистон Маҳмадюнус Шариповро, ки рӯзи 25-уми ноябр аз бинои суди Бутирскаяи шаҳри Маскав фирор намуд, ҷустуҷӯ доранд. Ин маълумот дар торнамои Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав интишор шудааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои BFM.ru бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Маҳмадюнус Шарипов ба гумони даст доштан […]

ASIA-Plus



Мақомоти интизомии Русия зодаи 43-солаи Тоҷикистон Маҳмадюнус Шариповро, ки рӯзи 25-уми ноябр аз бинои суди Бутирскаяи шаҳри Маскав фирор намуд, ҷустуҷӯ доранд. Ин маълумот дар торнамои


Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав


интишор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои

BFM.ru

бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Маҳмадюнус Шарипов ба гумони даст доштан дар интиқоли қариб 3 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин боздошт шуда, пас аз ба муддати 2 моҳ дароз кардани муҳлати таҳти ҳабс қарор доштанаш, дар назди бинои суд аз дасти посбонон фирор кардааст. Дар сурати исботи гуноҳаш, ӯро аз 15 то 20 соли зиндон ё ҳатто ҳукми ҳабси абад интизор буд.

Котиби матбуотии суди мазкур ба хабаргузорӣ гуфтааст, вақте мурофиа ба охир мерасаду Шариповро бо завлонаҳо дар даст ба назди автомашина меоранд, ӯ аз вазъи бади солимиаш ба посбон шикоят карда, ҳангоми дарро боз кардани ӯ, посбонро тела медиҳад ва рӯ ба гурез мениҳад.

Гуфта мешавад,  айни замон кормандони пулис  наворҳои камераҳои видеойии наздики роҳ ва биноҳои ҳамшафати макони ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.