Дар рейтинги нави ФИФА Тоҷикистон 1 зина поин рафт

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) нисбат ба моҳи гузашта 1 зина поин рафта, бо 214 имтиёз дар мақоми 135-ум қарор дорад. Дар зинаҳои аввали рейтинг дастаҳои мунтахаби футболи Олмон, Аргентина, Колумбия, Белгия, Нидерланд ва Бразилия қарор доранд. Дар ҳамин ҳол, дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ мунтахаби […]

ASIA-Plus



Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) нисбат ба моҳи гузашта 1 зина поин рафта, бо 214 имтиёз дар мақоми 135-ум қарор дорад.

Дар зинаҳои аввали рейтинг дастаҳои мунтахаби футболи Олмон, Аргентина, Колумбия, Белгия, Нидерланд ва Бразилия қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ мунтахаби Тоҷикистон нисбат рейтинги гузашта 1 зина поин рафта, акнун дар ҷойи 19-ум қарор дорад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешсаф аст. Мунтахаби Эрон дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ дар зинаи севум мебошанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.