Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир аз ҷониби кормандони КДАМ



Дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Ниводаки шаҳри Хоруғ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд.

Бино ба маълумоти КДАМ Тоҷикистон, қочоқбари афғон аз камингирӣ дар соҳили Тоҷикистон хавф бурда, бетартибона ба тирандозӣ мепардозад ва сипас борро партофта, ба қаламрави кишвари ҳамсоя бармегардад.

Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса кормандони КДАМ беш аз 22 кило маводи мухаддири навъи гуногунро дарёфт кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное