Дастури вазир оид ба тақвияти корҳо дар самти мусодираи силоҳ аз аҳолии ВМКБ

Имрӯз бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ҷузъу томҳои раёсат дар 11-моҳи соли 2014 ҷаласа баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷаласа оиди натиҷаҳои фаъолияти Раёсати мазкур ва ҷузъу томҳои он дар давраи ҳисоботӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ҷузъу томҳои раёсат дар 11-моҳи соли 2014 ҷаласа баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷаласа оиди натиҷаҳои фаъолияти Раёсати мазкур ва ҷузъу томҳои он дар давраи ҳисоботӣ сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандаров А. суханронӣ намуд.

Масъалаҳои ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва мубтало гаштан ба вируси норасогии масъунияти бадан (ВИЧ-СПИД), оиди сари вақт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор, беҳтар намудани фаъолияти оташнишонон, дар бозорҳо ташкил намудани қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи сӯхторхомӯшкунӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, оид ба амалияи маъмурӣ дар самти фаъолияти  хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, таҳқиқ, бозрасии давлатии автомобилӣ, аз ҷумла қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳо ва автомашинаҳои сиёҳшиша баррасӣ гардиданд.

Моҳи декабр дар миқёси вилоят ҳамчун моҳи амалияи маъмурӣ эълон карда шуда, супориш дода шуд, ки фаъолият дар ин самт беҳтар карда шавад. Самти ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, бахусус ҷиноятҳои куштор дар ҷаласа таъкид гардида, ҳамзамон  ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба худкушӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо мақсади иҷроиши фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1994 “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардид, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, дар ин самт аз тарафи масъулини соҳа дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ корҳо беҳтар ба роҳ монда шаванд.

Аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба сардори Раёсати номбурда полковники милитсия Искандаров Абдулваҳҳоб дастур шода шуд, ки фаъолияти шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар миқёси вилоят санҷида баромада шуда, барои рафъи камбудиҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Ҳамчунин, бо мақсади ҳифзи олами набототу ҳайвонот, ки боигарӣ ва ҳусни табиати кишвар мебошанд, пешгирии буридани ғайриқонунии ҷангалзорҳо, несту нобуд намудани парранда ва ҳайвонотҳои нодир қайд карда шуд, ки вобаста ба ин супориши алоҳидаи Вазири корҳои дохилӣ ба имзо расонида шудааст, ки ин самт бояд таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.