Намоиши ҳунарҳои занони деҳот дар Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Нури умед» намоиши  ҳунарҳои занони деҳот баргузор гардид. Бино ба маълуомти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, намоиши мазкур дар доираи лоиҳаи «Зан – замин – зиндагӣ», ки бо дастгирии Ассотсиатсияи «Дӯстони «Нури Умед» (Швейтсария)  ба роҳ монда шудааст, сурат гирифт. Гуфта мешавад, дар намоиш дастдӯзиҳои занон, қуроқдӯзӣ, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Нури умед» намоиши  ҳунарҳои занони деҳот баргузор гардид.

Бино ба маълуомти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, намоиши мазкур дар доираи лоиҳаи «Зан – замин – зиндагӣ», ки бо дастгирии Ассотсиатсияи «Дӯстони «Нури Умед» (Швейтсария)  ба роҳ монда шудааст, сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар намоиш дастдӯзиҳои занон, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, ҷомаю тоқидӯзӣ ва дигар ҳунарҳои занони деҳоти Панҷакент ба маъразт тамошо бароварда шуданд.

Саломат Аёзова, роҳбари ташкилоти  «Нури умед» ҳадафи фаъолияташонро дастгирии занҳо, муайян ва пайдо кардани занони ҳунарманд, баланд бардоштани савияи дониши занон, омӯхтани донишҳои кишоварзӣ унвон намудааст. «Ин намоиш як ҷамъомади ҳисоботии мо дар назди мардум буд», – таъкид кардааст Саломат Аёзова.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.