Таҳсили фарзандони дипломатҳои тоҷик аз ҳисоби буҷети давлатӣ

Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон даъвати чорум лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи хизмати давлатӣ» якдилона дастгирӣ шуд. Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Парвиз Давлатзода қайд кард, ки мутобиқи меъёрҳои он, шахсони бидуни шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар бахши дипломатияи тоҷик кор карда наметавонанд. […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон даъвати чорум лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи хизмати давлатӣ» якдилона дастгирӣ шуд.

Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Парвиз Давлатзода қайд кард, ки мутобиқи меъёрҳои он, шахсони бидуни шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар бахши дипломатияи тоҷик кор карда наметавонанд.

«Дар лоиҳаи қонун барои тарбия ва таҳсили фарзандони дипломатҳои тоҷик дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии хориҷи кишвар ҷудо кардани маблағи пулӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, барои табобати дипломатҳои тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ низ маблағ ҷудо мегардад», – қайд кард Давлатзода.

Ба қавли ӯ, ғайр аз ин, музди меҳнати дипломатҳои тоҷик, ки дар нуқтаҳои даргири ҷаҳон ба фаъолият машғуланд, ба андозаи 20% зиёд карда мешавад.

«Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бахши ба истилоҳ дипломатияи иқтисодӣ фаъолона ба кор оғоз мекунад. Имрӯз дар назди вазорат шуъбаи робитаҳои иқтисодӣ амал мекунад, ки минбаъд ба раёсат табдил дода мешавад», – изҳор кард муовини вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.