Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоте, ки ҳунармандони тоҷикро як намуда, малакаи онҳоро рушд медиҳад ва сифати маҳсулотҳоро беҳтар мегардонад, соли 2012 таъсис дода шуда, тадқиқоти худро барои зоҳир намудани талаботҳо дар дастколаи ҳунармандӣ оғоз намуд.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, саволномае, ки бо забони русӣ ва тоҷикӣ пешниҳод шуд, аз 41 савол иборат буда, ба гурӯҳи озмоишӣ, ки 50 нафарро дар бар мегирад, дар рафти “Намоишгоҳи зимистонаи ҳунарҳои дастӣ ва Рўзи байнамилалии маъюбон”, ки рӯзҳои 6-8уми декабри соли равон гузашт, дода шуд. Саволнома аз тарафи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон бо якҷоягии Ассотсиатсияи Миллии соҳибкории хурд ва миёна (АМСХМ ҶТ) ва Чезви зери сарпарастии Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайер карда шуд.
Мақсади тадқиқот дутарафа мебошад: аз як тараф – ин таъмин намудани барӯйхатгирии ҳунармандоне, ки дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд. Аз тарафи дигар саволнома талаботҳои асосии ҳунармандонро ва тавсияҳоро барои беҳтар намудани шароитҳои меҳнатӣ ва зиндагӣ маълум карда, бо ин роҳ таъмин намудани стратегияи комплексиро аз тарафи Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдоро дар дасткола осон мегардонад. Муваффақияти ин ташаббус, ки дар савияи иттиҳоди ҷамъиятӣ оғоз меёбад, асосан дар қобилият ва тайёр будани идораҳои давлатии масъул дар таъмин намудани сиёсати муносиб ва конунҳое, ки дар натиҷаи таҳлил пайдо мешаванд.
Маърака моҳи январ, пас аз он, ки Иттифоқи ҳунармандон саволномаҳоро дар дар ҳудуди Тоҷикистон паҳн менамояд оғоз мегардад, дар баробари ин ҳунармандон оиди сабаби асосии гузаронидани тадқиқот огоҳ мешаванд. Натиҷаҳои аввалин чоряки якуми соли 2015 пешниҳод карда мешавад.
Ин ташаббус дар доираи барномаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ бо ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Central Asian Invest маблағгузорӣ карда мешавад гузаронида шуда истодааст. Лоиҳа барои рушди ташкилотҳои хурд ва миёна дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон бо роҳи мустаҳкам намудани дастколаи ташкилотҳои соҳибкории миёнарав равона карда шудааст.







