Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати 2 корманди комиссариати ҳарбии Панҷакент

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар робита ба лату кӯби ҷавони даъватшаванда зимни маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ (облава) нисбати 2 корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент парвандаҳои ҷиноӣ боз намуд. Бино ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», нисбати иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи дуюми комиссариат прапоршик Икром Нодиров мутобиқи моддаи 391-и КҶ ҶТ (Суиистеъмоли ҳокимият ё […]

ASIA-Plus



Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар робита ба лату кӯби ҷавони даъватшаванда зимни маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ (облава) нисбати 2 корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент парвандаҳои ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», нисбати иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи дуюми комиссариат прапоршик Икром Нодиров мутобиқи моддаи 391-и КҶ ҶТ (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) ва нисбати мутахассиси пешбари шуъбаи чоруми ин комиссаират Урунбой Тошев мутобиқи моддаи 316, қ. 1-и КҶ ҶТ (Бромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд.

«Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» қайд мекунад, ки аввали моҳи декабр прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд аризаи даъватшавандаи ҷабрдида Сайдалӣ Ҳақбердиевро, ки ғайриқонунӣ боздошт шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод ва дар амалҳои кормандони комиссариат аломатҳои содир шудани ҷиноятро ошкор кард.

«Дар ҷараёни даъвати Ҳақбердиев ба хизмат намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ баромада, ба боздошти даъватшаванда ва гузашта аз ин, лату кӯби ӯ ҳеҷ ваколату асос ва ҳуқуқ надоштанд», – зикр мекунад ҳуқуқшиноси ташкилот Дилафрӯз Самадова.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.