Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари соли 2014

Анҷумани хабарнигорони варзишии Тоҷикистон (АЖРВТ) дар як ҳамоиши хабарнигорони соҳа, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, даҳ варзишгари беҳтарини кишварро дар соли 2014 эълон намуд. Бино ба иттили Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо такя ба гуфтахои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол гардид. Гуфта мешавад, вай имсол дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат […]

ASIA-Plus



Анҷумани хабарнигорони варзишии Тоҷикистон (АЖРВТ) дар як ҳамоиши хабарнигорони соҳа, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, даҳ варзишгари беҳтарини кишварро дар соли 2014 эълон намуд.

Бино ба иттили Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо такя ба гуфтахои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол гардид.

Гуфта мешавад, вай имсол дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз ҳама бузурги ӯ дар мавсими имсола медали тилло дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр ҳаво дод ва барои бори севум ба унвони қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ мушарраф гашт. Инчунин ӯ имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ғолиб ва ҷоизадор шуд. 

Зимнан зикр мегардад, ки ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин, инҳо дохил шуданд:


ЗАЛИМХОН ЮСУПОВ 

(гуштини озод)– ҷойи 2-юм дар вазни то 65 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.


ФАРҲОД НЕЪМАТОВ

 (таэквондо ВТФ) – ҷойи 3-юм дар вазни то 80 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.


АЛИШЕР ГУЛОВ

 (таэквондо ВТФ) – ҷойи 3-юм дар вазни + 87 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.


МОҲРӮ ҲАЛИМОВА 

(таэквондо ВТФ) – ҷойи 3-юм дар вазни +73 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.


КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН

 (дзюдо)– ғолиби Гран-при дар вазни то 90 кг дар Остонаи Қазоқистон.


ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ

 (самбо) – ҷойи 2-юм дар вазни то 62 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Япония, ҷойи 1-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд.


АКМАЛИДДИН КАРИМОВ

 (самбо) –  ҷойи 3-юм дар вазни то 57 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Япония, ҷойҳои 1-ум ва 3-юм дар Гран-при дар Русия, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Булғористон.


МУҲАММАДМУРОД АБДУРАҲМОНОВ

 (кураш)- ҷойи 1-ум дар вазни +90 кг дар  Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар Тайланд.


АКМАЛ ҚОДИРОВ

 (армрестлинг)– ҷойҳои 1-ум ва 3-юм дар вазни +90 кг дар  чемпионати ҷаҳон байни маъюбон дар Полша (Лаҳистон).

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигор, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд.

“Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон дар соли 2014 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст. Инчунин имсол ягон варзишгари тоҷик дар чемпионати Осиё дар риштаҳои олимпӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст наёфтааст,” – иброз дошт Н. Латифов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.