Дархости нерӯҳои марзбонӣ аз суд оид ба рад кардани даъвои наздикони Шаҳбол Мирзоев

Date:



Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ аз суд дархост намуд, ки даъвои наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоеви аз ҷониби ҳамхизматаш латукӯбшуда оид ба ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 241 ҳазор сомонӣ рад карда шавад.

Зимни

мурофиаи идомадошта

оид ба ин парванда ҳуқуқшиноси нерӯҳои марзбонӣ Зоиршоҳ Назиров дар ин робита изҳор кард, ки барои пардохти ҷуброни зарар гунаҳкорони бевоситаи ҳодиса – Усмон Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова ҷалб шуда буданд.

Дар мурофиаи судии қаблӣ ҳуқуқшинос ба аз ҷониби ин ниҳод пардохт шудани қисмате аз зиён ба маблағи 97 ҳазор сомонӣ омодагӣ изҳор намуда буд, вале дар мурофиаи навбатӣ зикр кард, ки барои ин даъвогарон бояд варақаи ҳисобномаи дармонгоҳи  Русияро, ки дар он Шаҳбол Мирзоев ҷарроҳӣ шуда буд, пешниҳод кунанд. «Вақте ки чунин ҳуҷчат ба дасти мо расид, мо масъаларо ҳал мекунем», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, адвокатҳои сарбоз – Гулчеҳра Холматова ва Дилшод Ҷӯраев изҳор намуданд, ки барои ба пардохти ҷуброн ҷалб кардани Усмон Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова ҳеҷ зарурате нест, зеро тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ, ҷубронро сохторе пардохт мекунад, ки дар қаламрави он чунин ҳодиса рух додааст. «Ҳамаи ҳуҷҷатҳои дахлдори молиявӣ то моҳи августи соли 2014 ба суд пешниҳод шудааст», – гуфтанд онҳо.

Айбдоркунандаи давлатӣ Давлат Сафаров аз ҳуқуқшиноси нерӯҳои марзбонӣ талаб кард, ки ин ниҳод ба суд ҳуҷчатҳои расмӣ бо номгӯи кумакҳои расонидашуда ба Шаҳбол Мирзоевро пешниҳод намояд. «Нерӯҳои марзбонӣ мебоист ба наздикони сарбоз барои муолиҷа дар ҳама гуна дармонгоҳи интихобшуда кумаки моддӣ мерасониданд», – гуфт прокурор.

Қобили зикр аст, ки қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 

ба аёдати сарбози марзбони

 дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта, ваъда дода буд, ки ҷиҳати ба муҷозот кашидани тамоми афроди гунаҳкор ба латукӯби ӯ тамоми чораҳоро хоҳад андешид. Ғайр аз ин, Р.Раҳмоналӣ ба Шаҳбол зикр карда буд, ки тамоми хароҷоти табобати ӯро давлат ба уҳда мегирад.

Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо 

лату кӯб карда

, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) 

парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

 Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...