Талаби 11 соли зиндон ба адвокат Шуҳрат Қудратов

Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, имрӯз зимни суханронӣ дар мурофиаи судии идомадошта айбдоркунандаро тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, аз суд дархост намуд, ки ӯро ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кунад. Дар ҳамин ҳол, муҳлати бештар – 9 солро прокурор барои айбдорӣ тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии […]

Мавзуна Абдуллоева



Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, имрӯз зимни суханронӣ

дар мурофиаи судии идомадошта

айбдоркунандаро тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, аз суд дархост намуд, ки ӯро ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кунад.

Дар ҳамин ҳол, муҳлати бештар – 9 солро прокурор барои айбдорӣ тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ)  ва 6 солро барои додани пора талаб кард, аммо бо назардошти мавриди афв қарор гирифтани парвандаву кам шудани сеяки муҳлати ҷазо, ба Шуҳрат Қудратов ҷазои 11 соли зиндон пешбинӣ мешавад. Ҳолати сабуккунанда дар ин ҷо соҳиби се фарзанди хурдсол будани айбдоршаванда маҳсуб меёбад.

Рӯзи 8-уми январ дар мурофиаи судӣ Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов далелу ваҷҳҳои ҷониби ҳимояро пешниҳод намуда, пас аз ин суд  ҷиҳати содир кардани ҳукм ба хонаи машваратӣ хориҷ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 

ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Диловар Саидов дар бораи

мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и

аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи ҷабрдида аз таҷовуз ба номус Моҳира Бобораҷабова ҳалнома содир намуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.