Вазири тандурустӣ: Зани ҳомиладор дар Хоруғ бо айби табиб ҳалок шуд

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Файзулло изҳор намуд, ки зани ҳомиладори 26-сола, сокини шаҳри Хоруғ Мумтоз Ширинбекова пас аз баргузории ҷарроҳӣ дар беморхонаи вилоят дар натиҷаи сатҳи нокофии касбияти доя (акушерка) ба ҳалокат расидааст. Ӯ бо таассуф илова намуд, ки вазорати тандурустӣ ҷиҳати андшидани чораҳои муҷозот нисбати ин […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Файзулло изҳор намуд, ки зани ҳомиладори 26-сола, сокини шаҳри Хоруғ Мумтоз Ширинбекова пас аз баргузории ҷарроҳӣ дар беморхонаи вилоят дар натиҷаи сатҳи нокофии касбияти доя (акушерка) ба ҳалокат расидааст.

Ӯ бо таассуф илова намуд, ки вазорати тандурустӣ ҷиҳати андшидани чораҳои муҷозот нисбати ин корманд ҳуқуқ надорад, вале аз рӯйи ин далел аз ҷониби мақомоти дахлдор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳукм содир гардид.

Нусратулло Файзулло зикр кард: «Иштибоҳоти табибон дар ҳама кишварҳои дунё вуҷуд доранд. Вазорат баъзан чунин табибонро барои роҳ додан ба хатогиҳо муҷозот мекунад», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки соли 2014 дар ҷумҳурӣ 231 ҳазор тифлон ба дунё омада, 71 тан аз модарон ҳангоми таваллуд ҳалок шудаанд (соли 2013 – 215 ҳазор нафар навзодон ва 77 марги модарон ҳангоми таваллуд).

Вазири тандурустии кишвар таъкид дошт, ки журналистон тариқи ВАО бояд ба маълумоти аҳолӣ расонанд, ки тамоми хизматгузориҳо дар таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ ройгон аст ва мардум бояд аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят кунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми июни соли 2014 сокини 26-солаи шахри Хоруғ Мумтоз Ширинбекова пас аз ҷарроҳӣ барои таваллуд дар бемористони ВМКБ ба ҳалокат расид. Табибон ҳаёти занро наҷот дода натавонистанд, вале тифли зодаи ӯ, духтарча солим ба дунё омад.

Ахири моҳи ноябри соли гузашта бо қарори суди шаҳри Хоруғ, табиб Заррина Курбонмамадова,  гумонбар дар марги зани ҳомиладор

мавриди афв қарор гирифт.

Заррина Қурбонмамадова мутобиқи моддаи 129-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ) айбдор дониста мешуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.