Пешбарии номзади навбатии ҲНИТ аз вилояти Хатлон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷомӣ -28 раиси бахши минтақавии ҳизб дар гурӯҳи ноҳияҳои Қӯрғонтеппа Қамариддин Бековро ба ҳайси номзад ба Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ кард. Чуноне худи номзад Қамариддин Беков ба «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз дар конфронси пешазинтихоботии созмонҳои ҳизб дар навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон номзадии ӯро якдилона дастгирӣ намуданд. Манбаъ дар […]

Сайраҳмон Назриев



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷомӣ -28 раиси бахши минтақавии ҳизб дар гурӯҳи ноҳияҳои Қӯрғонтеппа Қамариддин Бековро ба ҳайси номзад ба Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ кард.

Чуноне худи номзад Қамариддин Беков ба «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз дар конфронси пешазинтихоботии созмонҳои ҳизб дар навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон номзадии ӯро якдилона дастгирӣ намуданд.

Манбаъ дар идомаи сӯҳбаташ илова кард, ки онҳо конфронси пешазинтихоботиашонро бо сабаби аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ҷудо нашудани толор, маҷбур шуданд, ки дар манзили яке аз узви ҳизбашон дар ҷамоати Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронанд.

«Мо ба раиси ноҳия ҳанӯз 31-уми декабр муроҷиат намуда, хоҳиш карда будем, ки барои гузаронидани конфронси пешазинтихоботиамон толор ҷудо намоянд. Раиси ноҳия ин масъулиятро ба дӯши раиси ҷамоати шаҳраки Куйбишев Алӣ Сайфиддинов гузоштанд, ки ахирӣ имрӯз хабар дод, ки толорашон дар таъмир асту дигар толоре надоранд, ки дар ихтиёри ҲНИТ гузоранд. Аз чунин ранг гирифтани кор мо ба дастгоҳи раиси вилоят занг зада хабар додем. Мутаассифона натиҷае ҳосил нашуд ва маҷбур шудем конфронсамонро дар хонаи яке аз узви ҳизб дар ҷамоати Калинин гузаронем», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор дошт, ки воқеъан масъалаи ҷудо намудани толор барои конфронси ҲНИТ бар дӯши раиси ҷамоати шаҳраки Куйбишев Алӣ Сайфиддинов вогузор гардида буд. «Аммо дуруст аст, ки Кохи фарҳанги ноҳия тайи як соласт, ки дар таъмир буда, ҳамчунин толори маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳрак низ аз таъмир бароварда мешавад ва дар маркази ноҳия дигар толоре нест, ки барои ҲНИТ ҷудо мешуд», – қайд кард номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.