Аз нисф зиёди номзадҳои ҲКТ аз интихобот даст кашиданд

Аз нисф зиёди номзадҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), ки дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб санаи 27-уми декабр тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуда буданд, аз иштирок дар маъракаи интихоботӣ даст кашиданд. Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 15 нафар номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбаришуда танҳо 7 […]

Аваз Юлдошев



Аз нисф зиёди номзадҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), ки дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб санаи 27-уми декабр тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуда буданд, аз иштирок дар маъракаи интихоботӣ даст кашиданд.

Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки

аз 15 нафар номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбаришуда

танҳо 7 нафарашон тавнистаанд, ки гаравпулии интихоботиро пардохт кунанд.

Акнун дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон тибқи рӯйхати ҳизбии ҲКТ раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов, котиби КМ ҲКТ Исмоил Талбаков, котиби якуми кумитаи ҳизбӣ дар вилояти Суғд Мубинҷон Маҳмудов, котиби якуми кумитаи ҳизбӣ  дар ноҳияи Мастчоҳ Мирзонаҷот Наботов, котиби КМ ҲКТ Заррагул Мирасанова, муовини сармуҳандиси ШСХК «Барқи тоҷик» А.Хабиров ва директори фабрикаи паррандапарварии ноҳияи Файзобод Маҳмадалӣ Одинаев боқӣ монданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.