Оғози даври зимистонаи омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ

Аввали моҳи январи соли ҷорӣ даври зимистонаи омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид ва вобаста ба ин, дар тамоми ҷузъу томҳои тобеи Вазорати мудофиа ҷамъомад доир гардида, афсарону сарбозон аз рӯйи мавзӯҳои пешбинишуда, дар давоми даври омӯзиш ба таълимоти фаннҳои низомӣ фаро гирифта мешаванд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, бо фармони вазири […]



Аввали моҳи январи соли ҷорӣ даври зимистонаи омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид ва вобаста ба ин, дар тамоми ҷузъу томҳои тобеи Вазорати мудофиа ҷамъомад доир гардида, афсарону сарбозон аз рӯйи мавзӯҳои пешбинишуда, дар давоми даври омӯзиш ба таълимоти фаннҳои низомӣ фаро гирифта мешаванд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, бо фармони вазири мудофиаи ҷумҳурӣ соли равон, оғози таҳсили зимистона ба аввали моҳи январ гузаронида шуда, барномаи таълимии омӯзиш тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ сурат мегирад ва сарбозон мувофиқ ба талаботи давру замон омӯзонида мешаванд. Ҳамасола афсарону сарбозон дар асоси барномаи таҳияшуда, ба таълиму тадриси мавзӯҳои мухталиф ва машғулиятҳои амалӣ-саҳроӣ ҷалб карда мешаванд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия дар соли нави хониш бо дастгирии роҳбарияти Вазорати мудофиа синфхонаҳои таълимӣ бо ашёву лавозимотҳои техникии наву замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. Ин ба афсарону сарбозон имкон медиҳад, ки дар ҷараёни дарсҳои назариявӣ ва амалӣ аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки зимни анҷоми даври омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як афсару сарбози Артиши миллӣ аз дарсҳои Тайёрии ҷамъияти давлатӣ, командирӣ, тайёрии ҷисмонӣ, машғулиятҳои тахассусӣ вобаста ба мавзӯҳои пешбинишуда дар назди масъулини соҳа санҷиш месупоранд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола даври тобистонаи омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали моҳи июн оғоз гардида, даври зимистонаи он дар аввали моҳи декабр роҳандозӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.