Ситоди марказии ҲХДТ то 2 март ҳамарӯза ҷаласа мегузаронад

Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон то 2-юми март ҳамарӯза бо шумули рӯзҳои шанбеву якшанбе низ ҷаласаҳои худро барпо мекунад. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаҳои мазкур таҳти раёсати муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ҷараёни иштироки ҳизб дар маъракаи интихоботии […]



Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон то 2-юми март ҳамарӯза бо шумули рӯзҳои шанбеву якшанбе низ ҷаласаҳои худро барпо мекунад.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаҳои мазкур таҳти раёсати муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ҷараёни иштироки ҳизб дар маъракаи интихоботии парлумонии санаи 1-уми марти соли равон таъиншуда ва масъалаи самаранокии фаъолияти бахшҳои ҳизб дар вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад.

«Ғайр аз ин, дар ҷаласаҳои мазкур ситодҳои маҳаллии бахшҳои ҳизб назди ситоди марказӣ дар бораи кори анҷомдододаашон дар ҷараёни маъракаи интихобот ва нақшаҳои минбаъдаашон дар ин самт ҳисобот медиҳанд», – гуфт ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.