Дастури нахуствазир ҷиҳати рафъи мушкилот дар нақби «Истиқлол»

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз бо ҷараёни идомаи корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз наздик ошно гардид. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир ба сохтмончиён оид ба суръатбахшии корҳо дар иншоот, саривақт дастрас шудани масолеҳу техника ва ҳамчунин рафъи ҳарчи […]



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз бо ҷараёни идомаи корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз наздик ошно гардид.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир ба сохтмончиён оид ба суръатбахшии корҳо дар иншоот, саривақт дастрас шудани масолеҳу техника ва ҳамчунин рафъи ҳарчи зудтари мушкилоти ҷрйдошта дар иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Қоҳир Расулзода имрӯз дар идома бо рафти корҳои сохтмону таъмир ва азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ва ҷараёни истихроҷу коркарди тилло дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин дар Панҷакент низ шинос мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, нахуствазир ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Панҷакент низ ҳусни оғоз мебахшад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.