Соли гузашта дар қисмҳои низомии вилояти Суғд 7 далели марги хизматчиёни ҳарбӣ ба қайд гирифта шуд.
Муовини прокурори ҳарбии гарнизони Суғд Суҳроб Салимзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки афсари нерӯҳои марзбонӣ Азамат Азимов моҳи августи соли 2014 ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона миёни марзбонони тоҷику қирғиз кушта шуда, аз рӯи ин далел прокуратураи ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз ва Прокуратураи генералии Қирғизистон ирсол намудааст.
«Ду нафар хизматчиёни ҳарбӣ ба иллати беморӣ, ду нафар дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва боз ду нафари дигар бинобар сабаби даст задан ба амалҳои ғайриоинномавӣ ҳалок шуданд», – афзуд номбурда.



