Ҳалокати 5 бинокор дар сохтмони Роғун дар соли гузашта

Соли гузашта дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун 5 нафар бинокорон ҳалок ва боз 2 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Хадамоти давлатии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Сиҷоуддин Саломзода дар ин робита изҳор намуд, ки 2 нафар дар ҷараёни корҳои сохтмон дар дохили нақбҳо бар асари фаромадани кӯҳпораҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли гузашта дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун 5 нафар бинокорон ҳалок ва боз 2 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Хадамоти давлатии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Сиҷоуддин Саломзода дар ин робита изҳор намуд, ки 2 нафар дар ҷараёни корҳои сохтмон дар дохили нақбҳо бар асари фаромадани кӯҳпораҳо ва 3 нафари дигар дар натиҷаи афтидан аз иншооти ҳифзкунанда шабонгоҳ ҳалок шудаанд.

«Ин ҳодисаҳо бозгӯи каммасъулиятии роҳбарони ташкилотҳои паймонкор ва риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ аз ҷониби бинокорон мебошанд», – гуфт ӯ.

Сардори Хадамот таъкид дошт, ки ҳамчунин ҳангоми резиши кӯҳпораҳо боз 2 тан аз бинокорони нерӯгоҳ ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2014 Хадамоти давлатии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар маҷмӯъ 15 ҳодисаи нохуш, аз ҷумла 13 ҳодиса бо талафоти ҷонӣ дар саросари кишварро ба қайд гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.