Баррасии масъалаи татбиқи қарордодҳои ҳосилшуда миёни Э.Раҳмон ва И.Каримов

Рӯзи 8-уми январи соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода сафири Ӯзбекистон дар  Тоҷикистон Шоқосим Шоисломовро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқоте, ки дар фазои анъанавии тафоҳум ва созанда доир шуд, масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, ба татбиқи амалии қарордодҳои сарони ду давлат, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 8-уми январи соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода сафири Ӯзбекистон дар  Тоҷикистон Шоқосим Шоисломовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқоте, ки дар фазои анъанавии тафоҳум ва созанда доир шуд, масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, ба татбиқи амалии қарордодҳои сарони ду давлат, ки дар мулоқоти онҳо дар ҳошияи Саммити СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли сипаришуда ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба манзури боз ҳам бештар вусъат бахшидани равобити байни ду кишвари ҳамсоя андешидани як зумра тадбирҳоро дар ин самт мувофиқи мақсад донистанд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз Парвиз Давлатзода сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Агибай Смагуловро  бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот атрофи масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зикр мегардад, ки тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар баҳои баланд дода, зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои дар соли 2015 ба нақша гирифташуда, бахусус омодагӣ ба сафари расмии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ва ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои  иқтисодӣ таъкид сохтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.