АНМН аз фаъолияти соли гузашта натиҷагирӣ кард

Охири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи оперативӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 баргузор гардид, ки дар кори он Мудири Шуъбаи мудофиа ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ А. Абдуллоев ва Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода, роҳбарони раёсатҳо, […]

ASIA-Plus



Охири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи оперативӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 баргузор гардид, ки дар кори он Мудири Шуъбаи мудофиа ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ А. Абдуллоев ва Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода, роҳбарони раёсатҳо, шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Агентӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар соли сипаришуда оид ба иҷрои бандҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши қонунии он ва пешгирии нашъамандӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак ва машқҳои минтақавӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ муҳокима гардиданд.

Ба диққати роҳбарони ҷузъу томҳои Агентӣ як қатор камбудиҳо ва норасоиҳо дар ташкили санҷиши нозиротӣ, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки робитаҳои байнидавлатӣ доранд, ишора карда шуд. Як қатор пешниҳодҳо оиди бартараф намудани норасоиҳои номбаршуда пешкаш карда шуданд. Инчунин масъалаи истифода маблағҳои бюджетӣ, ки барои Агентӣ ҷудо шудаанд, баррасӣ гардид.

Ҳисоботи роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои Агентӣ оид ба иҷрои чорабиниҳои нақшавии Агентӣ барои соли 2014 баррасӣ гардида, Нақшаи чорабиниҳои асосии ташкилии Агентӣ барои соли 2015 муҳокима ва аз ҷониби Директори Агентӣ тасдиқ гардид.

Р. Назарзода супориш дод, ки дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ “Консепсияи тақвият додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва кори тафтишотӣ барои солҳои 2015-2016” ва “Консепсияи омӯзиш ва бозомӯзии кормандон барои солҳои 2015-2016” коркард ва қабул карда шавад.

Дар хотима Р. Назарзода як қатор масъалаҳои муҳими Агентиро барои давраи пешистода, аз ҷумла, масъалаи дар сатҳи олӣ гузаронидани конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди маводи мухаддир дар охири моҳи май дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.