Президент таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабиро пешниҳод намуд



Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориш дод, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар аз 508 ба 527 расида, шумораи кӯдаконе, ки дар ин муассисаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, беш аз 80 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Президент хотиррасон кард, ки соли 2012 дар кишвар 711 марказҳои инкишофи кӯдакон амал мекарданд ва соли 2014 шумораи онҳо ба 1061 расида, 26 ҳазор нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд ва илова бар ин, дар мамлакат 12 кӯдакистони махсусгардонидашуда бо фарогирии қариб сеюним ҳазор кӯдак ва 34 кӯдакистони хусусӣ барои дуюним ҳазор нафар кӯдакон амал мекунад, яъне имрӯз барои қариб 115 ҳазор кӯдак шароити муосири таълиму тарбияи томактабӣ фароҳам оварда шудааст.

«Сарфи назар аз ин, кӯдакистонҳо дар кишвар хеле кам аст. Ҳамасола ҳудуди 170 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум по мениҳанд. Агар онҳо дар кӯдакистонҳо тарбия гирифта бошанд, бештар ба таҳсил омода мешаванд ва кӯдаконе, ки дар кӯдакистонҳо тарбия нагирифтаанд, аз ин лиҳоз хеле сустанд», – иброз дошт сарвари давлат.

Ба қавли президент, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст, яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст.

Дар робита ба соҳаи маориф сарвари давлат ҳамчунин ба фаъолитяти Маркази миллии тестӣ низ таваҷҷузоҳир кард. «Бо оғози фаъолияти ин марказ кирдорҳои коррупсионӣ ҳангоми қабул ба мактабҳои олӣ коҳиш ёфт. Масалан, солҳои қаблӣ то 20 фоизи довталабон ва падару модарони онҳо аз натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ шикоят мекарданд, вале соли гузашта аз 52 ҳазор нафар довталабон танҳо 400 нафар шикоят намуданд, ки ин рақам ҳатто як фоизро ҳам ташкил намедиҳад», – гуфт президент.

Ӯ аз падару модарон даъват кард, ки ба фарзандони худ на дар як рӯзи имтиҳон, балки аз рӯзи таваллуди фарзандашон ба таълиму тарбияи ӯ диққати ҷиддӣ диҳанд. «Вале, мутаассифона, то ба имрӯз аксари падару модарон баъди ёздаҳ сол, яъне танҳо дар давраи имтиҳоноти хатми мактаб ва озмоишҳои тестӣ огоҳ мешаванд, ки фарзандашон бояд соҳиби касбу ихтисосе шавад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин воқеиятест, ки бояд ҳатман ислоҳ гардад», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

spot_imgspot_img

Популярное