Агентии зиддифасод заминфурӯшони қаллобро боздошт кард

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶИ як гурӯҳи қаллобонеро ошкор намуд, ки ба амалҳои шубҳаноки фурӯши қитъаҳои замин машғул будаанд. Роҳбарии Агентии зиддифасод Фаттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ба ин гурӯҳ як корманди мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе низ шомил будааст, ки боздошт ва дар содир […]

Аҳлиддин Салимов



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶИ як гурӯҳи қаллобонеро ошкор намуд, ки ба амалҳои шубҳаноки фурӯши қитъаҳои замин машғул будаанд.

Роҳбарии Агентии зиддифасод Фаттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ба ин гурӯҳ як корманди мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе низ шомил будааст, ки боздошт ва дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста мешавад.

«Аъзои ин гурӯҳ қитъаҳои заминро ҳатто дар дурдасттарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ мефурӯхтаанд. Се нафар аз онҳо, аз ҷумла корманди прокуратура низ ба ҳабс гирифта шуданд. Ҳамаи онҳо аз рӯи далели фурӯши қитъаҳои замин дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардида, чанд нафари дигарашон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд», – гуфт ӯ.  

Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми боздошти чанде аз аъзои ин гурӯҳ онҳо ба робитаҳои хешутаборӣ бо президент ишора мекарданд, аммо зимни баёнот додан аз ин «хешутаборӣ» даст кашидаанд. «Айни замон тафтишоти парвандаи мазкур идома дорад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.