Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати номзади ҲСДТ тибқи 4 модда

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбати як узви Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Фирдавс Соҳибназаров, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷомӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуда буд, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров хабар дода, изҳор намуд, ки ин қазия ангезаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи […]

Мавзуна Абдуллоева



Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбати як узви Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Фирдавс Соҳибназаров, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷомӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуда буд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров хабар дода, изҳор намуд, ки ин қазия ангезаи сиёсӣ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Ф.Соҳибназаров, дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 253 (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё суистифодаи боварӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 262 (Ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани)  маблағҳои пулӣ  ё  молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда) гумонбар дониста мешавад.

Раҳматилло Зойиров ҳамчунин гуфт, ба сифати адвокат шахсан аз манфиатҳои Фирдавс Соҳибназаров ҳимоят хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.